16 май 2023 бахшида ба 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ҳайати парлумонӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории таърихӣ бо Озарбойҷонро, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, натиҷаҳои он дар солномаи муосири муносибатҳои байни ду давлат саҳифаи нав кушод.
Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду давлат рушду таҳким меёбанд.