Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз 11 то 13 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати адлия ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург масъалаҳои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ дар ҷаҳони тағйирпазир, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар партави таҳримҳо, рақамикунонӣ: ҳуқуқи оянда ва ё ояндаи ҳуқуқ, адолати судӣ ва ҳалли баҳсҳо ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокдорон қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи он форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколама ва ҷаласаи кушоди вазирони адлия низ баргузор гардид.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия иштирок намуда, дар мавзуи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.
Форуми мазкур майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз якчанд давлати ҷаҳон гардид. Дар кори он вазирони адлияи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар доираи форум мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мавриди муҳокима қарор гирифт.