24 майи соли 2023 вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни мулоқот Раҳим Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни сӯҳбат Иброҳим Шукрӣ қайд намуд, ки Бонки Исломии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва ҳамчунин вусъат додани ҳамкориҳо боиси пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.