Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Дар ин дидор тарафҳо дар баробари баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Шветсия, ҳамчунин доир ба имкони густариши робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо мубодилаи афкор намуданд.
Мавриди зикр аст, ки шощигарии Шветсия дар нимсолаи якуми соли 2023 роҳбарии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад.