
Зимни вохурӣ Раҳим Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият менамояд ва яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамчунин Осама Маккави иброз намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст.