
Санаи 1 июни соли 2023 Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.