Вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо кормандони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии
Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар вохӯрии мазкур сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи номбурда низ иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ Саидзода Раҳим Ҳамро дар бораи вазъи фаъолияти соҳаи маорифи ноҳия изҳори назар карда, ба собиқ мудири шуъбаи маориф Ғоибзода Насимҷон барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот вазири малриф мудири нави шуъбаи маориф Тағоймуродзода Санифаро муаррифӣ карда, аз саҳмаш дар рушди соҳа ва фаъолнокӣ дар вазифаҳои фаъолияткарда ёдовар гардид.
Сипас, ба масъулин оид ба аттестатсияи аз синф ба синф гузарӣ, имтиҳоноти хатм, ғасби заминҳои наздимуассисавӣ аз тарафи шаҳрвандон, аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, натиҷагирии иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи маориф дастуру супориш дод.
Таъкид гардид, ки баҳри ҳалли мушкилоти соҳа дастаҷамъона тамоми имконияту тавоноии худро истифода карда, ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сазовор бошем. Кӯшиш намоем,ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад ва боварию такяи хурду бузург ба муаллим беҳтар гардад.