Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ ба хотири гиромидошти 100-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора Фурӯҳар Тоҳирӣ, хабарнигори радиои”Овози тоҷик” хабар дод.
Дар маҳфили мазкур, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳиддин Панҷшанбезода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад, адибону нависандагон, олимону донишҷӯён ва дигар намояндаҳои илму адаби кишвар иштирок намуданд.
Маҳфилро муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа ифтитоҳ намуда, дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти шоир суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин маҳфили мазкур бо чанде аз суруд дар иҷрои Тоҷиддин Раҳимов ва суханронии ҳамкори шоир, сармуҳаррири собиқи радиои “Овози тоҷик” Раҷабалӣ Қудратов идома ёфта, бо суханронии писари шоир, Каримҷон Шукӯҳӣ анҷом ёфт.