Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 5 – 11 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.