
Рӯзҳои 19-20 июн дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея баргузор мегардад. Дар ин бора ба радиои”Овози тоҷик” аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории Форум ҷалб намудани сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ дар кишвар мебошад.
Дар доираи Форум ҳамчунин вохӯриҳои дуҷониба дар қолаби B2B баргузор мегардад, ки дар он намояндаҳои Палатаи Савдо ва саноат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо , Сафорати Корея дар тоҷикистон ва дигар доираҳои соҳибкорӣ иштирок менамоянд.
Дар поёни Форум як чанд санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ба имзо хоҳад расид.
Дар ҳошияи Форум соҳибкорони кореягӣ ба хотири ошноӣ пайдо кардан бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар ин самт дидан менамоянд.