
Ҳаҷми сармояи Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк” дар нимсолаи аввали соли 2025 зиёда аз 1 миллиард сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора раиси бонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, дороиҳои умумии бонк дар ин давра ба 9,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳо ба 8,6 миллиард сомонӣ расиданд. Ин нишондиҳандаҳо мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 20,5% ва 21,6% зиёд шудаанд.
Дар ҳамин давра, Амонатбонк ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмуъ 62,1 миллион сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 22,6 фоиз бештар мебошад.
Раиси бонк ҳамчунин зикр намуд, ки Амонатбонк фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ ва дастгирии соҳибкорӣ густариш додааст. Аз ҷумла:
Аз ҳисоби хатти қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — 15,6 миллион доллари ИМА барои воридоти мол ва маҳсулот ҷалб шудааст;
Аз ҳисоби хатти қарзии аккредитивӣ бо ҶС “KAZAKHEXPORT” (Ҷумҳурии Қазоқистон) — 24,6 миллион доллари ИМА ба ширкатҳои ватанӣ пешниҳод шудааст;
Татбиқи шартномаи ҳамкорӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой оғоз гардида, дар ин давра 400 ҳазор доллари ИМА ба ширкатҳои ватанӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик»