Дирӯз сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко эътимодномаҳои худро супорид. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни маросим сафири Тоҷикистон салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбари Беларус расонид.
Президенти Беларус таъкид кард, ки Душанбе ва Минскро риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва бародарӣ мепайвандад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидаанд.
Вай зикр кард, ки муносибатҳои дӯстонаи деринаи ӯ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳкими шарикии Тоҷикистону Беларус корҳои зиёдеро анҷом додааст, низ ба ин мусоидат мекунад.
Роҳбари Беларус ба сафири Тоҷикистон анҷоми бомуваффақияти рисолати дипломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно кард.