Фардо баргузории Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Чорабиниҳои асосии фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар доираи ин чорабиниҳо ҳамчунин барномаҳои консертии Ҳунарпешаи мардумии Федератсияи Русия Денис Мацуев ва консерти Ансамбли давлатии академии рақси мардумии «Налмес»-и Ҷумҳурии Адыгеяи Федератсияи Русия баргузор гардад.