Олмон ва дигар кишварҳои узви НАТО пешниҳод доранд, ки барои ҳифзи Арктика бо Иёлоти Муттаҳида равиши муштарак пеш гирифта шавад, аммо президенти ИМА бар харидани Гренландия пофишорӣ мекунад. Дар айни ҳол, дар Берлин нишонаҳое аз омодагӣ ба амалиёти низомӣ намебинанд.
Ба иттилои DW Олмон ва дигар давлатҳои НАТО ҷонибдори таҳияи як роҳи ҳалли муштарак бо ИМА дар масъалаҳои амнияти Арктика ва атрофи Гренландия мебошанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоханн Вадефул пас аз мулоқот бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио шоми рӯзи душанбе, 12 январ, дар Вашингтон изҳор дошт.
Вадефул гуфт, ки музокироти ба нақша гирифташудаи ҳамин ҳафта байни ҳукуматҳои Дания ва ИМА оид ба Гренландияро истиқбол мекунад ва итминон дорад, ки онҳо дар фазои дӯстона ва ҳамкорона баргузор мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, барои гумон кардан, ки Вашингтон ҷиддан имкони анҷом додани амалиёти низомӣ барои ҳамроҳ (аннексия) кардани ҷазираро баррасӣ мекунад, асосе надорад.
Намояндаи Кохи Сафед Каролайн Ливитт рӯзи душанбе боз ҳам мавқеи президенти ИМА Доналд Трампро таъкид кард, ки нияти харидани Гренландияро дорад. Ба гуфтаи ӯ, Трамп нигарон аст, ки дар акси ҳол ҷазира метавонад зери назорати Чин ё Русия қарор гирад, ки, ба таъкиди ӯ, ба манфиатҳои ИМА, Аврупо ва худи Гренландия мувофиқ нест.
Интизор меравад, ки Марко Рубио дар ҳамин ҳафта бо вазири корҳои хориҷии Дания Ларс Лёкке Расмуссен мулоқот кунад. Гумон меравад, ки дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Гренландия Вивиан Мотсфелдт низ ширкат варзад. Санаи дақиқи музокирот ҳанӯз эълон нашудааст. Расонаҳои Дания ҳамчунин аз сафари чанд сенатори ИМА ба Копенгаген барои машварат бо сиёсатмадорони даниягӣ ва гренландӣ хабар медиҳанд.
Вадефул таъкид кардааст, ки баррасии масъалаҳои амниятӣ дар Арктика бояд дар доираи НАТО сурат гирад. Ба гуфтаи ӯ, Паймони Атлантикаи Шимолӣ аллакай пешниҳодҳои мушаххас таҳия мекунад ва Олмон омода аст саҳми худро гузорад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки қарорҳо дар масъалаҳое, ки ба Гренландия ва Дания дахл доранд, бояд аз ҷониби худи Гренландия ва Дания қабул шаванд.
Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Олмон ақидаеро рад кард, ки гӯё ИМА дар замони Трамп аз консенсуси арзишҳои ғарбӣ рӯй гардонда бошад. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида дар доираи НАТО «дар паҳлӯи Аврупо» қарор дорад ва «комилан ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодӣ дар ҷаҳони ғарбӣ равона шудааст».
«Дар ин маврид ҳеҷ шакке вуҷуд надорад ва ман ҳамчунин ба мо — аврупоиҳо — маслиҳат медиҳам, ки чизеро зери суол нагузорем, ки худи Вашингтон онро зери суол намегузорад», — таъкид кард Вадефул.
Канслери Олмон Фридрих Мерс низ эҳтимоли иштироки ИМА дар тақвияти ҳузури НАТО дар атрофи Гренландияро воқеӣ мешуморад. Ӯ зимни сафараш ба Ҳиндустон изҳор дошт, ки Олмон нигарониҳои Вашингтонро дар бораи зарурати таҳкими ҳифзи ин минтақа шарик аст ва ба талошҳои муштарак умед мебандад.
Дар ҳамин ҳол, муовини канцлери Олмон Ларс Клингбайл аз вазъи равобити фароатлантикӣ «нигаронии ҷиддӣ» изҳор кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Олмон ният дорад аз ҳамаи имкониятҳо барои муколама бо шарикон истифода барад, аммо баҳсҳо рӯз то рӯз мураккабтар шуда, ихтилофҳо бештар мегарданд.



