Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» сурат гирифт. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Роҳбари Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раймундас Кароблис ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии Барномаи мазкур амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад.
Маблағи созишномаи болозикр 30,0 млн евроро ташкил намуда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.