Ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург рушд меёбад, ин нукта зимни дидори маҷозии муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ва ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Николай Кропачев зикр гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Зимни ин мулоқот ҳамчунин Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Николай Кропачев ба имзо расид.
Мавзӯъҳои аслии баҳс масъалаҳои ҳамкориҳо барои омода кардани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳи Русия ба нафъи низоми маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон буд.