Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) Атагелди Язлиев, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хоиҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, фаъолияти Марказ, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ ва табодули иттилоот мавриди муҳокима қарор доданд.