
Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Руссия масъалаи таъсиси минтақаҳои муштараки саноатӣро баррасӣ карданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории ИДМ хабар медиҳад.
Ин масъала дар мулоқот бо муовини нахуствазири Русия ва раиси вазорати саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, ки дар намоишгоҳи «Иннопром-2023» дар Екатеринбург баргузор шуд, баррасӣ шуд. Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин ташкили минтақаҳои муштараки саноатӣ пешниҳод гардид.
Шералӣ Кабир таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои ду баробар афзоиш додани тавлидоти саноатии ин кишвар дар панҷ соли оянда иқдомҳои муҳим анҷом медиҳад. Ширкати сармоягузорон ва коршиносони рус дар бунёди паркҳои фанноварӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи вазир, дар тавсеъаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар нақши калидӣ хоҳад дошт.
Дар намоишгоҳ вазир ҳамчунин бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Олег Бочаров ва роҳбарияти BTK Group мулоқот кардааст. Дар ин вохурихо масъалахои корхои тайёрй ба ташкили комбинати бофандагй дар шахри Кулоб мухокима шуданд.