Куштигирони тоҷик дар рӯзи якуми Қаҳрамонии куштии ҷаҳон, ки дар шаҳри Душанбе баргқзор шуда истодааст, соҳиби 7 нишон — 3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.
Аз дастаи Тоҷикистон Муҳаммад Салимов, Абдуллои Ориф ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов соҳиби нишони тилло ва унвони қаҳрамонии ин мусобиқот шуданд. Умар Шеров ва Қоим Шукронов нишони нуқра ва Ёсин Бобокалонов ва Муҳаммадисо Раҷабов нишони биринҷӣ гирифтанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии дуюми ҷаҳон оид ба куштии миллӣ — куштигирӣ дирӯз, 15-уми август дар шаҳри Душанбе шуруъ шуд ва имрӯз, 16-уми август ба анҷом мерасад.
Дар он беш аз 200 варзишгар аз 70 кишвари дунё аз рӯи нӯҳ вазн — се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон рақобат мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизапулии мусобиқот 400 ҳазор доллари амрикоиро аст. Ғолибон дар ҳар кадом вазн бо 20 ҳазор доллар, дорандагони медалҳои нуқра — 10 ҳазор доллар ва медалҳои биринҷӣ — 5 ҳазор доллар мукофтпулиҳо қадрдонӣ мешаванд.



