Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Атахаллиев Тангригулӣ Реҷепгулиевич мулоқот намуд. Др ин бора радиои «овозитоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад..
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат ва илму маориф баррасӣ намуда, аз раванди тавсеаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.