Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Андре Карстенсро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Нидерландро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини вазир ба сафири Нидерланд барои саҳмаш дар ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.