Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва аморатҳои шимолӣ Диловар Баҳромзода бо роҳбари Дафтари Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай, Шайх Мактум бин Буттӣ Оли Мактум вохурӣ анҷом дода, патенти консулиро дар бораи оғози фаъолият тақдим намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба роҳҳои таҳкиму тавсеаи мушорикат дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илму фарҳанг табодули афкор намуданд.