Донишгоҳ ҷиҳати ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфӯзи хориҷи кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода, 5 нафар донишҷӯёни факултаи тиббӣ- ветеринариро бо Академияи давлатии кишоварзии Кострамаи Федератсияи Русия равон кард- гуфт зимни нишасти матбуоти ба хабарнигорон ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Махмадёрзода Усмон Маъмур. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарзода хабар медиҳад.
Ҳамзамон илова кард, ки барои тайёр намудани кадрҳои дараҷаи илмӣ дошта, дар назди донишгоҳ дар соли 2023, 3 Шурои диссертатсионии Тоҷикистон фаьолият дорад, ки дар онҳо 11 нафар рисолаҳои номзадӣ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар доктори фалсафа ( PhD) доктор аз рӯи ихтисос дифоъ намудаанд.
Ҳамчунин дар нишасти мазкур зикр гардид, ки барои балан бардоштани савияи дониши касбӣ ва техникии омӯзгорони то чо сола дар давраи таътили зимистона курсҳои омӯзиши забоҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуд, ки дар омӯхтани донишҳои сатҳи байналмилалӣ мусоид аст.