
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Обихингоб, Сурхоб Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон 98.8%-и меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад. Ин нуктаро раиси Кумиати ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон зимни нишасти маӣтбуоти ба рӯзноманигорон иброз дошт.
Бинобар иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Малвина Хушқадам, ки аз рафти ин нишаст дар истинод ба ҳисоботи раиси Кумиати ҳифзи муҳити зисти кишвар хабар медиҳад захиари барф дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3% зиёд мебошад.
Ва яке аз дигар иқдомҳои ин кумита ба роҳ мондани корҳои барфченкунӣ бо усули пиёда дар дигар ҳавзаҳои дарёҳои кишвар мебошад, зикр намуд раиси кумитаи мазкур.