Дар доираи баргузории 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин санаи 19 сентябр мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Губернаторони музофоти Янлин мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати кишоварзии кишвар хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пешгирии тағйирёбии иқлим, мутобиқсозии зироатҳо, табодули таҷриба, бунёди боғу гармхона, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.