Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Гурдов Мерген мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди ҳамкориҳои соҳибкории хурду миёнаи ду кишвар, иштироки соҳибкорон дар намоишгоҳу форумҳо ва ҳамзамон ҷалби сармояи мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.