25 сентябри соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Агентии ташвиқи содирот ва сармоягузории Озарбойҷон (AZPROMO) Юсиф Абдуллаев мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мусоҳибон омодагӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, истихроҷи маъдан ва азхудкунии технологияҳои нав, таъкид карданд.