Дирӯз дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.