Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилноза сатториён аз ҷараёни ҳамоиш хабар медиҳад.
Ба зикри зхабарнигор дар намоишгоҳи мазкур ноширони хориҷӣ ба монанди Русия, Ҳинд, Туркия , Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва дигар кишварҳо ҳузур доранд.
Аз ноширони дохилӣ Муассисаи нашриявии «Маориф», Сарредаксияи илмии энсиклопедияи милли тоҷик» , «Нашриёти муосир» , » Ирфон», «Адиб» , «Эр-граф» , КВД «Шарқи озод», «Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» , «Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ» , «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Адабиёти бачагона» ширкат доранд.
Намоишгоҳро муовини якуми вазири фарҳанг Сафарзода Давлат бо суханронии ифтитоҳӣ оғоз намуда меҳмонону иштирокдоронро ба ҳамоиш хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ чанде дар бораи нақши китоб дар рушду нумуи инсон ва қаринтарин дӯст барои башарият дар симои китоб сухан ва баргузории чунин ҳамоишҳо дар ба ҳамоии фарҳангҳо баромад намуд.
Дар ҳошияи Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бо ҳузури олимон дар назар аст