
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид . Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Олимбекова хабарнигори радиои «Овози тоҷик» ххабар медиҳад.
Дар ин ҳамоиш Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, устодони факултаи филологияи донишгоҳои мазкур дар мавзуъҳои рушди забон дар даврони истиқлолият ,нақши забон дар давраи ҷаҳонишавӣ ва дигар мавзуҳои мухталиф дар мавриди тозаву беолоиш нигоҳдоштани забони тоҷикӣ маъруза намуд . Дар охири ҳамоиш донишҷӯёни факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар васфи забон аз ашъори шураои классику муосир шеърҳо қироат намуданд .