
Ҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
“Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз вазъи бавуқуъомада дар пайи заминларза чораҳо меандешад”, иттилоъ доданд дар вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ ба сокинони зарадида қабл аз ҳама маводи ниёзи аввал рсол мегардад.
“Ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд” зикр намуд манбаъ
Мавриди зикр аст, ки дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги беш аз 2000 одамон ва харобиҳо гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.