
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ идома дорад. Хабар медихад хабарнигори радио «Овози тоҷик» Тахмина Амониён.
Дар рӯзи дуюм чорабинии мазкурро ноиби Президенти академияи илмхо Мухаммад Абдурахмон Навруз ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Абурайҳон Берунӣ дар рушди илми тоҷик маьлумот дод.
Ҳадаф аз баргузории симпозиум — баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар он олимон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Британия, Русия, Узбекистон ва Эрон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Абурайҳони Берунӣ ва рушди тафаккури илмии Шарқ», «Нигоҳе ба равишҳои гуногунандешии Абурайҳони Берунӣ дар таҳқиқи анъанаҳои динӣ», «Масоили умдаи табиатшиносӣ аз назари Абурайҳони Берунӣ», «Таъсири осори Абурайҳони Берунӣ дар илми ҷаҳон», «Ҷойгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар таъри илми астрономия» маъруза менамоянд.