12 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) ҷаласаи 77-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Хадамоти гумруки кишвар хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ баррасӣ ва қарорҳо қабул карданд. Ҳадафи асосии ин созишнома таҳияи равишҳои ягона, ҳамоҳангсозии иттилоот, ҳамкории таҳлилӣ, илмӣ, методӣ ва амалии тарафҳо ҳангоми гузаронидани экспертиза ва тадқиқот мебошад.
Имрӯз масъалаи интиқоли бемамонияти молҳо аз сарҳади гумрукии кишварҳои ИДМ муҳим боқӣ мемонад.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ Ёддошти тафоҳум дар бораи муттаҳид намудани мақсадҳои мақомоти гумрук доир ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳамлу нақли транзитӣ, инчунин барасмиятдарории моли зудвайроншаванда қабул гардид.
Дар Ёддошти тафоҳум пешниҳод карда мешавад, ки чораҳои андешидашавандаи мақомотҳои гумрук бо мақсади соддагардонии савдо, иттилоотикунонӣ дар бораи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар нуқтаҳои гузариш дар қаламрави давлатҳои худ, ки ба афзоиши қобилияти гузариши онҳо равона шудаанд, муайян карда шаванд.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин таҷрибаи кори худро оид ба ташкили системаи пайгирии интиқоли моли транзитӣ бо истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ баён намуданд. Системаи пайгирии сохташуда худро ҳамчун воситаи боэътимод ва универсалӣ нишон дод, ки ба назорати фосилав интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад.
Мавзӯи дигари баҳс ошкор шудани ҳолатҳои воридоти техникаи маишӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар шакли ҷудошуда буд, ки имкон медиҳад онҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз саркашӣ кунанд. Дарвоқеъ, моли нав барои воридот эълом карда мешавад, аммо қисмҳои норасида имкон намедиҳад, ки моли воридотӣ вазифаи функсионалии худро иҷро кунад. Ин вазъият андешидани чораҳои вокуниш ба хотири ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ, инчунин аз байн бурдани шароити воридоти молҳо барои шахсони воқеӣ бидуни пардохти боҷи гумрукиро тақозо мекунад.
Вақтҳои охир дар нуқтаҳои гузаргоҳи бисёрҷонибаи автомобилӣ дар давлатҳои ИДМ ҳолатҳои фавқулодда дар амалиётҳои гумрукӣ ва назорати гумрукӣ ба мушоҳида мерасад. Боз мондани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки сабабҳои мушаххаси он гуногун аст, инчунин далелҳои тасдиқи тӯлонии шахсоне, ки сарҳадро убур мекунанд, ба таври возеҳ ба рушди иқтидори транзитӣ мусоидат намекунанд ва то андозае эътибори хадамоти гумрукро дар байни доираҳои тиҷоратӣ коҳиш медиҳанд.
Дар ҷаласа бори дигар ба тайёр кардани кадрҳои касбӣ диққати махсус дода шуд. Дар шароити амиқ гардидани ҳамгироӣ ва шадид гардидани рақобат ба сатҳи омодагии касбии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ ҳангоми амалӣ намудани маъмурикунонии гумрукӣ барои ҳимояи иқтисодиёи миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлатҳои иштирокчии ИДМ талаботи то рафт баландтар гузошта мешавад.
Дар натиҷа, Нақшаи кор барои соли 2024 ва инчунин сана ва ҷои баргузории ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, инчунин маҷлисҳои коршиносони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчиёни ИДМ таҳия карда шуд.
Пас аз ҷаласа, шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила, миёни Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус Владимир Николаевич Орловский санаи 11 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда буд.