
Дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Эрон Алӣ Боқирӣ ширкат варзиданд.
Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.