Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муҷтабо Акбарӣ, раиси Маркази байналмилалии Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари бахши эронии Кумитаи пайгирии иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи рафти иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва баргузории ҷаласаи навбатии 16-уми Комиссияи мазкур баррасӣ гардиданд.