Имрӯз дар Сафортаи Туркия дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сафири ин кишвар бо хабарнигорону рӯзноманигорон доир гардид.Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилноза Сатториён хабар медиҳад.
Ба иттилои хабарнигор дар ин чорабинӣ, ки ба 100 солагии таъсиси кишвари Туркия бахшида шуда буд, сафири ин кишвар доир ба дастовардҳои Туркия дар ин муддат, таҷассуми устуворӣ, азму иродаи қавй ва таҷассуми ояндаи дурахшони он суханронӣ намуд. Зимни суханронии ҳамчунин арзишҳо ва принсипҳое, ки Туркияро ба ин сатҳи воло расонида аст ёддоврӣ гардид.
Баъд аз суханронии сафир ба суолу ҷавоб бо хабарнигорон зикр намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар рӯз то рӯз дар ҳоли рушд мебошанд ва ҳамасола аз Тоҷикистон 50 нафар тибқи бурсия дар соҳаҳои тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ таҳсил менамоянд. Ҳамчунин сафир зикр намуд, ки дар соли 2024 Туркия тасмим дорад, ки рӯзҳои кинои туркиро дар Тоҷикистон баргузор намояд.