Имрӯз дар ДМТ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин бюора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фурӯҳар Тоҳирӣ хабар медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар озмуни мазкур шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони касбу кори гуногун бо шавки зиёд ширкат намуданд. Дар озмун аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар, ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Кобили зикр аст ,ки озмуни мазкур тариқи хаттӣ ҷараён гирифта, натиҷа ва ғолибони он таьрихи 28-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ эълон шуда, ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешава.