Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “овози тоҷик” Мадина Мениқулова хабар медиҳад.
Озмунро вазири маориф ва илми илми кишвар Раҳим Саидзода ифтитощ намдуа, ҳозирин ва тамоми иштирокдорони онро хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии сатҳи олӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар ба роҳ монда шудааст, муваффақият таманно намуд.
Ҳамзамон муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда нақши ин озмунро ба ғоят муассир хонда, саҳми Пешвои миллатро дар ин раванд бе ҳамто унвон намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар озмӯни мазкур беш аз 500 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, маҳорату дониши худро манзури ҳаводорону сокинони кишвар менамоянд.
Озмуни мазкур то 15-уми ноябр идома ёфта, дар назараст рӯзи 16-ми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъбаст ва ба ғолибони он тӯҳфаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати кишвар дар фазои тантанавӣ тақдими ғолибон гардад.