Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Озарбойҷон Вюсал Гусейнов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла омӯзиш ва табодули таҷриба, мубодилаи маълумотҳои оморӣ ва иштирок дар машқҳои соҳавӣ таъкид карданд.
Пас аз мулоқот роҳбари намояндагӣ бо фаъолияти Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳоҷирати назди Хадамоти давлатии муҳоҷирати Озарбойҷон шинос шуд.