Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд. Ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Инчунин оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, бахусус дар соҳаи маориф, илм ва технологияҳои нав табодули афкор сурат гирифт.