Имрӯз ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҷаласаи Шуро ҳайатҳо бо Намоишгоҳи байналмилалии «Русия» шинос шуда, ҷиҳати табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҷонибҳо муфид изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар оғози ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври видеоӣ суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи Шуро ва таҳкими робитаҳоро дар самту соҳаҳои гуногун байни давлатҳои аъзо муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни ҷаласа аз робитаҳо натиҷагирӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.