Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо роҳбари Идораи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озод (GAFI)-и Миср Ҳоссам Ҳайба мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои санадҳои дар омӯзиши ду ҷониб қарордошта ва таҳияву пешниҳоди санадҳои нави ҳамкорӣ барои соддасозии робитаҳои дуҷониба, баррасӣ шуд.
Вохӯрӣ дар фазои созандагӣ ва бо таъкиди омодагии ҳарду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ҷараён гирифт.