Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ дар қаламрави кишвар ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон, баргузории форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки давоми соли 2024 дар шаҳри Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Протоколи чаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ санаи 28 декабри соли 2023 ба имзо расонида мешавад.