Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои васеи ду тараф ва имзои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркия барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Дар ин бора Мансур Шоҳиён хабарнигорирадиои «Тоҷикистон» хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид.