Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби раиси Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ карда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.
Инчунин, тарафҳо масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳоро муҳокима карданд.