16-18 январи соли 2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи 44-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва ҷаласаи дувуми машваратии котибони масъули Комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ИСЕСКО ҷараён дорад. Дар ин бора «ОТ» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа ташаббусҳо ва дастовардҳои кунунии ИСЕСКО баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки якчанд ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси моддии фарҳангии ИСЕСКО шомил гардида, ду ёдгории дигар – “Боғи миллӣ” ва “Саразм” ба рӯйхати асосии ин созмон дохил карда шудаанд.