Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро мулоқот кард. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зикр карданд.