Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Бо рушди муколамаи фарҳангҳо дустӣ ва ҳамкориро дар оилаи СҲШ тавсеа мебахшем” бар гузор мегардад. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз ВКХ хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон , Русия, Узбекистон , Беларус, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок менамоянд.
Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии котиби генералии СҲШ Чжан Мин оғоз шуда, баъд аз суханрониҳои иштирокдорон барномаи консертии зери унвони “ 10 нотаи муъҷизанок” идома хоҳад ёфт. Барномаи мазкурро фарҳангиён ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов тақдими меҳмонон ва иштирокдорон менамоянд.