Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ
электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаҳои мазкур мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани электробусҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тафсилоти бештари хабар давоми рӯз нашр мешавад.