Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо Алиризо Ҳақиқиён сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба расонаҳои эронӣ хабар медиҳад.
Дар ин дидор масъалаҳои робитаҳои и фарҳангӣ ва адабии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафири Эрон зимни ин нишаст нақши аҳли илму адаб ва рӯшанфикрони Тоҷикистон, ба хусус аъзои ин иттифоқро дар мусоидат ба густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва забон муҳим арзёбӣ намуд.